Масоили шиканҷа мавриди баррасӣ қарор гирифт
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 10 май вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо гузоришгари махсуси СММ доир ба масоили шиканҷа Хуан Мендез вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов доир ба сиёсати давлати Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ ва расмиёти мавҷуда, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон равона шудаанд, муфассал сухан гуфт. Вазир иброз намуд, ки онҳо мушкилоти мавҷударо дар ҳамбастагӣ бартараф намуда, минбаъд низ фаъолиятро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ хоҳанд монд. Рамазон Раҳимов аз ҷумла қайд кард, ки дар Тоҷикистон аз ҷойҳои нигоҳдории шахсони дар ҳабс буда, ки ҷиноят содир кардаанд, дар системаи Вазорати корҳои дохилӣ танҳо Маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ ва ҳабсшудагон (ИВС) боқӣ мондааст.Бояд зикр кард, ки 10 декабри соли 1948 Ассамблеяи СММ Конвенсия ба муқобили шиканҷаро қабул кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияро соли 1995 тасдиқ намудааст. Баъди тасдиқ Конвенсияи мазкур дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфт. Дар айни замон қонунгузории Тоҷикистон пешгирии шиканҷаро кафолат медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






