Мавсими Ҳаҷ- 2012 оғоз шуд

Май 10, 2012 16:47

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи баррасии мактуби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шаффоф гузаронидани мавсими Ҳаҷ- 2012 баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, намояндаи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири ташкили ҳаҷ ва равобити байналмилалии Кумитаи корҳои дин Абдуғаффор Юсупов ва мудирони бахшҳои динии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳузур доштанд. Дар ҷаласа масъалаҳои тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои зоирин, пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар мавсими Ҳаҷ- 2012 ва дигар масъалаҳои марбут ба ташкили ҳаҷ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба ин маросими муҳими динӣ ҳозирин андешаҳои худро баён доштанд. Зикр шуд, ки қабули аснод барои ҳаҷ аз якуми майи соли ҷорӣ оғоз шуда, то охири ҳамин моҳ ба поён мерасад. Барои довталабони Хонаи Худо ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд: ариза, шиносномаи хориҷӣ (набояд мӯҳлати истифодааш аз 8 моҳ кам бошад), нусхаи шиносномаи дохилӣ, шаҳодатномаи тиббӣ, 4 дона сурати 3 бар 4, пардохти маблағ то 10 рӯз баъд аз супоридани ҳуҷҷатҳо ва нусхаи расиди он, то панҷ соли охир нарафтани зоир ба Хонаи Худо, ҳуҷҷат доир ба маълумоти пурраи зоир (суроға, макони зист, маълумот, рақами телефон ва ғ.), ҳадди ақал 8 моҳ дар қайди макони истиқоматиаш будани зоир, зоир (мард)аз 80 боло ва аз 18 поён набошад ва зани аз 50 сола поён бояд маҳрам дошта бошад (ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳрам ҳатмист), андозаи либос, пойафзол, шим ва ғайра.Ҳуҷҷатҳо то охири моҳи ҷорӣ бояд супорида шаванд.

Май 10, 2012 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд