Мавсими мубориза бо малах чӣ гуна анҷом ёфт?
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар кишвар 68,3 ҳазор гектарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 57,2 ҳазор гектар камтар аст. Тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи дахлдор ва ҳамчунин қувваи корӣ сафарбар шудааст. То 25-уми май дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз ҳама бештар қаламрави вилояти Хатлон мавриди ҳамлаи малахҳо қарор гирифтааст, ки майдони умумии он зиёда аз 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин паҳншавии малах дар қаламрави вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ низ ба мушоҳида расид.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта майдони умумии фарогири ҳуҷуми малах дар ҷумҳурӣ зиёда аз 160 ҳазор гектарро ташкил дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






