Мавзуна Чориева соҳиби ВАЗ 21-07 гардид

Май 22, 2012 09:14

Душанбе, 22 май. ( АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дирӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Маликшо Неъматов, варзишгарон, устодони варзиш, алоқамандони варзиш ва инчунин доираи васеи рӯзноманигорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад аз ҷониби раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов ба якчанд варзишгар, ки борҳо мавқеи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд, унвонҳои гуногуни варзишӣ дода шуд. Ҳамчунин дар ҷамъомад ба Мавзуна Чориева — барандаи роҳхати олимпии Лондон- 2012 аз номи Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон автомобили тамғаи ВАЗ 21-07 ҳадя карда шуд. Ба Анвар Юнусов ва Парвиз Собиров, ки ҳар яке соҳиби роҳхати бозиҳои олимпии Лондон — 2012 буда, инчунин дар ин ҷамъомад иштирок доштанд, аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии кишвар тӯҳфаи молӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Маврид ба ёдоварист, ки аз ҷониби дигар ширкату сохторҳо низ ин варзишгарон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Хотиррасон мекунем, ки то имрӯз варзишгарони тоҷик соҳиби 13 роҳхати олимпии бозиҳои тобистонаи Лондон — 2012 гардидаанд.

Май 22, 2012 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад