Медали нуқраи Айёмиддин аз Боку
Душанбе, 18 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Бахшида ба 85-солагии Ҳайдар Алиев, президенти собиқи Озарбойҷон дар шаҳри Боку мусобиқаи байналмилалӣ доир ба муҳорибаи универсалӣ барпо гардид, ки дар қатори варзишгарони кишварҳои Русия, Нигерия, Гурҷистон, Туркия, Эрон ва Ӯзбекистон варзишгарони Тоҷикистон ҳам ширкат карданд. Айёмиддини Маҳмадраҷаб муваффақ шуд, ки дар вазни 60 кг сазовори мақоми дуввуми ифтихорӣ шавад. Дар ҷамъбасти даставӣ соҳибони майдон варзишгарони Озарбойҷон бо 11 медали тилло соҳиби ҷои аввал шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






