«Милан» бо «Реал» ва «Челси» қувва меозмояд

Май 24, 2012 16:53

Душанбе, 24 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Клуби футболи Италия «Милан» вохӯрии таҷрибавӣ ва дӯстонаи худро бо ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо «Челси» ва чемпиони Испания «Реал»-и Мадрид дар марҳилаи омодагӣ ба мавсими нав дар Амрико барпо хоҳад кард. Дар ин бора директори клуби «Милан» Умберто Гандини хабар додааст. Бо «Челси» клуби итолиёӣ дар Майами рӯзи 28 июл бозӣ карда, бо «Реал» рӯзи 8 август дар Ню-Йорк рақобат хоҳад намуд. «Милан» дар чемпионати Италия дар мавсими 2011/12 мақоми дуввумро касб кард ва дар бозиҳои лигаи чемпионҳо дар 1/4 финал аз дастаи Барселона мағлуб шуд.

Май 24, 2012 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд