Моҳи Ҳилоли Аҳмар дар кишвар
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май дар Тоҷикистон моҳи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад. Ҳадафи ин тадбир аз муаррифии фаъолияти ҷамъияти мазкур ба мардум, саҳм гузоштан дар чорабиниҳои кишварӣ, кўмак ба мардуми эҳтиёҷманд ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар иборат аст. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ниҳоди башардўстонаест, ки соли 1927 созмон ёфтааст. Он соли 1997 узви Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар буда, дар чор бахш барномаҳои гуногунро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва кўмак ба зарардидагон, солимии ҷомеа ва паҳн намудани арзишҳои башарии Ҳаракати байналмилалии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тавассути шабакаҳои худ дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият дошта, дорои 250 корманди ботаҷриба, 13 ҳазору 301 нафар аъзо ва 14 ҳазору 375 нафар ихтиёриён аст. Соли 2010 парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки он фаъолияти ниҳоди мазкурро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






