Моҳиҳои обанбори Қайроққум куҷо рафтанд?

Май 29, 2012 10:12

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти КВД «Моҳии Тоҷикистон», баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соҳаи моҳипарварӣ то дараҷае паст рафт ва дар баъзе ҷойҳо тамоман барҳам хӯрд.Баъди мустақилияти ҷумҳурӣ ва қабули Барномаи давлатии рушди моҳипарварӣ имкони аз нав ташкил додани соҳа ба миён омад.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ — апрели соли 2012 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 171,3 тонна, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон ба миқдори 143,8 тонна, вилояти Суғд 22,4, ВМКБ – 3,5, ноҳияи Ваҳдат — 0,9 ва ноҳияи Рӯдакӣ ба миқдори 0,7 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Ин дар мавридест, ки дар соли 1974 танҳо дар обанбори Қайроққуми вилояти Суғд сайди моҳӣ 552 тоннаро ташкил медод. Соли 2011 дар ҳавзаи Сирдарё ҳамагӣ 90 тонна моҳӣ ба фурӯш бароварда шудааст.Саволи матраҳ ин аст, ки моҳиҳои обанбори Қайроққум ва ҳавзаи Сирдарё ба куҷо ғайб заданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд чоряки моҳии соли 1974 сайд карда намешавад?

Май 29, 2012 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад