Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар дар Суғд
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади тарғиби ҳуқуқи башардӯстии байналмилалӣ, принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамасола моҳи май дар вилояти Суғд маҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад. Дар ин хусус 30 апрели соли равон қарори раиси вилоят ба имзо расид.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мутобиқи қарор баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо бо собиқадорон ва шарикони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, 4 майи соли равон аксия- консерт бахшида ба Рӯзи байналмилалии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ дар давоми моҳ тарҳрезӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






