Моддаҳои 135 ва 136-ро аз Кодекси ҷиноӣ хориҷ карданд
Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моддаҳои 135 ва 136, ки марбут ба тўҳмату таҳқир аст, аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 май зимни баргузории ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон аз сўи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар хориҷ карда шуданд. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар ҷаласа гуфт, ки хориҷ намудани ду модда аз Кодекси ҷиноии кишвар, пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки он дар остонаи таҷлили ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик — 10 марти соли равон зимни мулоқот бо намояндагони ВАО-и кишвар ироа гардида буд. М. Ватанов афзуд, ки вақтҳои охир дар атрофи ин ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои доманадор зиёд буданд. Хусусан намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ атрофи ин моддаҳо ибрози назар намуда, пешниҳод мекарданд, ки ин моддаҳо аз Кодекси ҷиноятии кишвар хориҷ карда шаванд, зеро онҳо озодии баёнро маҳдуд месозанд. Бо хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136 аз Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ кафолати озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд таҳким ёфта, ҳар як шахс имкон дорад нисбат ба масъалаҳои доғи ҷомеа фикру ақидаи худро озодона баён намояд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






