Моддаҳои 135 ва 136-ро аз Кодекси ҷиноӣ хориҷ карданд

Май 31, 2012 14:26

Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моддаҳои 135 ва 136, ки марбут ба тўҳмату таҳқир аст, аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 май зимни баргузории ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон аз сўи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар хориҷ карда шуданд.  Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар ҷаласа гуфт, ки хориҷ намудани ду модда аз Кодекси ҷиноии кишвар, пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки он дар остонаи таҷлили ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик — 10 марти соли равон зимни мулоқот бо намояндагони ВАО-и кишвар ироа гардида буд. М. Ватанов афзуд, ки вақтҳои охир дар атрофи ин ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои доманадор зиёд буданд. Хусусан намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ атрофи ин моддаҳо ибрози назар намуда, пешниҳод мекарданд, ки ин моддаҳо аз Кодекси ҷиноятии кишвар хориҷ карда шаванд, зеро онҳо озодии баёнро маҳдуд месозанд. Бо хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136 аз Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ кафолати озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд таҳким ёфта, ҳар як шахс имкон дорад нисбат ба масъалаҳои доғи ҷомеа фикру ақидаи худро озодона баён намояд.

Май 31, 2012 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд