Моликияти қарздорон дар музояда
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Иҷрочиёни суди ноҳияи Рӯдакӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 22 –юми июни соли 2012 аз тариқи музоядаи такрорӣ амволи дар натиҷаи қарздорӣ ба ҳабс гирифташудаи шаҳрвандон Далер Муҳаммадов, Зулфия Фақерова ва Ҳамро Астанақулова дар ноҳияи Рӯдакӣ ба савдо гузошта мешаванд. Ба иттилои манбаъ, амволи ба гарав гузоштаи қарздорон аз манзили истиқоматӣ иборат буда, ба андозаи 20 фоиз аз нархи аввала камтар ба фурӯш гузошта мешаванд. Ду манзили истиқоматии ба фурӯш гузошташуда дар ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд, ки яке бо нархи 375 ҳазору 540 сомонӣ ва дуюмӣ ба маблағи 273 ҳазору 660 сомонӣ ба музояда гузошта шудаанд. Манзили истиқоматии сеюм дар ҷамоати Россия деҳаи Қуштеппаи ноҳияи мазкур ҷойгир буда, бо маблағи 320 ҳазор сомонӣ аз тариқи музоядаи такрорӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Мақсад аз овардани далел огоҳ намудани шаҳрвандонест, ки дар мавриди саривақт баргардонида натавонистани қарзи бонкӣ соҳибияти мволи ба гарав гузошташуда аз ихтиёрдории ӯ берун мегардад. Харидор аз рӯзи ба даст овардани ҳалномаи суд ва қарори музояда соҳибмулкиро ба даст меорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






