Муҳокимаи масъалаҳои молиявӣ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 23 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ бо сарварии директори бахши идораи иқтисодии гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Ивон Тсикат баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот натиҷаи сафари ҳайати намояндагони як қатор сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гурҷистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷамолиддин Нуралиев ҷиҳатҳои мусбати низоми идораи давлатии Гурҷистонро зикр намуда, пешниҳод кард, ки таҷрибаи кори низоми андоз дар ҷараёни роҳандозии ислоҳот дар Тоҷикистон, аз ҷумла баъди анҷом ёфтани тарҳрезии варианти ниҳоии лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад.Ҷ. Нуралиев ҳамчунин ба роҳбари ҳайат Ивон Тсиката барои сӯҳбати пурмазмуну муфид изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ минбаъд ҳам густариш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






