Муаррифии чеҳраи бонувони тоҷик дар Кохи Ҷомӣ

Май 17, 2012 11:55

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар»).-24-уми майи соли равон дар Кохи Ҷомӣ ҷамъбасти озмуни «Чеҳракушоӣ» доир мегардад, ки дар он муайян кардани муаллифони ғолиб ва чеҳраҳои беҳтарин дар назар аст. Озмуни «Чеҳракушоӣ», ки ба шарофати 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ аз тарафи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо дастгирии дастгоҳи иҷроияи Президент ва ҳукумати кишвар баргузор гардид, қадами муҳимест дар роҳи татбиқи сиёсати гендерии Президент ва Ҳукумати ҶТ. Дар ин озмун беҳтарин рӯзноманигорони тоҷик ширкат варзида, бо очеркҳои ҷолиб истеъдоди сарварии 24 бонуи фаъоли кишварро рӯнамоӣ намудаанд. Шарти озмун аз ҷониби мардони журналист муайян кардани арзиш, истеъдод ва тавоноии ҳанӯз шинохтанашудаи бонувони сазовори мақому вазифаҳои роҳбарӣ ва барои ҳукумату ҷомеа муаррифӣ кардани онҳо буд. Нахустин бор дар Тоҷикистон озмуни донишу заковат, истеъдоду зарфиятҳои бонувон барои ишғоли мақоми сарварӣ дар чунин сатҳи баланд доир мегардад. Ёдовар бояд шуд, ки дар озмун ҳузури шахсиятҳои шинохтаи давлатию ҷамъиятӣ ва адибону рӯзноманигорони маъруфи кишвар, ҳамчунин ҳунарнамоии беҳтарин сарояндагону раққосони дастаҳои ҳунарии мамлакат дар назар аст.

Май 17, 2012 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад