Мубориза барои медали тиллои чемпионати ҷаҳон
Душанбе, 17 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Мавзуна Чориева дар ҳар даври навбатии чемпионати ҷаҳон доир ба бокс, ки дар Чин идома дорад, ҳарифони худро ба мағлубият рӯ ба рӯ карда, баҳри пирӯзии комил дар вазни то 60 кг қадам ба қадам ба пеш меравад. Дар даври якҳаштниҳоӣ муштзани мо, ки аллакай соҳиби роҳхат ба олипиадаи Лондон-2012 гардидааст, дар даври чорякниҳоӣ бо Эстелле Моссели (Фаронса) вохӯрда, бо натиҷаи 20 бар 12 пирӯз шуд ва ба нимфинал баромад. Ин маънои онро дорад, ки аллакай Мавзуна соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.Дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 18-уми май барпо мегардад, Мавзуна бо муштзани ирландӣ Кэти Тейлор, чемпионкаи ҷаҳон дар ин вазн қувва меозмояд. Дар сурати ғалаба дар ин вохӯрӣ Мавзуна барои медали тилло ва унвони чемпионӣ бо ғолиби ҷуфти Софя Очигава аз Русия ва Наташа Ҷонас аз Британияи Кабир рақобат хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






