Мубориза вусъат меёбад
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имрўзҳо мо баҳри тамоман несту нобуд кардани малах тамоми чораҳоро андешида, бар зидди ин офати табиӣ муборизаи беамон бурда истодаем, иброз дошт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси Корхонаи мубориза бар зидди малахи шаҳри Турсунзода Сайдалӣ Холматов. Мутаассифона, имсол ҳам дар мавзеъҳои Чӯпоншаҳид, Найза, Лолабулоқ, Боғи ҷидда, ҳамвории Қурбоналӣ, ки чарогоҳҳои чорводорони хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода маҳсуб мешаванду дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритӯз ҷойгиранд, дар масоҳати 3200 гектар паҳншавии малах мушоҳида гардид. Ҳамчунин дар масоҳати 880 гектар дар мавзеъҳои Хум, Қаротоғ, Говмеш низ малах пайдо гардидааст. Алҳол 57 нафар бо маводи лозимӣ, либосҳои махсус мусаллаҳ буда, баҳри нест кардани малах мубориза мебарад. Дар ин самт ба воситаи зиёда аз 50 дорупошаки дастӣ, 2 0ВТ, 1 адад дорупошаки ОВХ – 28 ва 2 мошинаи обкаш бар зидди малах мубориза бурда мешавад. Ҳоло дар масоҳати 930 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Ёдовар мешавем, ки малахи марокашӣ чун офат чанд соли охир дар фасли баҳор пайдо гардида, ба деҳқонону чорводорон зиёни калони моддӣ мерасонад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






