Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо сафири Финляндия
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 28 май вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Финляндия дар Тоҷикистон Туулу Юрёлуро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот корманди Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Ҳаннела Малмс низ ширкат дошт. Ҳамрохон Зарифӣ дар оғози мулоқот зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба бо Финляндияро ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунад. Вазир изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.Туулу Юрёлу дар навбати худ ба роҳбари ВКХ ҶТ барои фароҳам овардани имконияти анҷом додани мулоқот изҳори миннатдорӣ карда, сипосномаи Президенти Финляндия Саули Ниинисторо унвонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурд.Сафири Финляндия иброз дошт, ки бояд созишномаҳои нави дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода ва имзо карда шаванд. Сафир хамчунин бархе самтҳои ҳамкории дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Финляндия дар бахшҳои геология, ҳавошиносӣ ва ғайраро қайд намуд. Туулу Юрёлу зикр намуд, ки маблағҳои асосие, ки дар ҳошияи барномаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушду густариш аз ҷониби ҳукумати Финляндия ҷудо карда мешаванд, барои татбиқи лоиҳаю барномаҳои ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






