Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо сафири Финляндия

Май 29, 2012 11:47

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). –  28 май вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Финляндия дар Тоҷикистон Туулу Юрёлуро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот корманди Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Ҳаннела Малмс низ ширкат дошт. Ҳамрохон Зарифӣ дар оғози мулоқот зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба бо Финляндияро ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунад. Вазир изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.Туулу Юрёлу дар навбати худ ба роҳбари ВКХ ҶТ барои фароҳам овардани имконияти анҷом додани мулоқот изҳори миннатдорӣ карда, сипосномаи Президенти Финляндия Саули Ниинисторо унвонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурд.Сафири Финляндия иброз дошт, ки бояд созишномаҳои нави дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода ва имзо карда шаванд. Сафир хамчунин бархе самтҳои ҳамкории дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Финляндия дар бахшҳои геология, ҳавошиносӣ ва ғайраро қайд намуд. Туулу Юрёлу зикр намуд, ки маблағҳои асосие, ки дар ҳошияи барномаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушду густариш аз ҷониби ҳукумати Финляндия ҷудо карда мешаванд, барои татбиқи лоиҳаю барномаҳои ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Май 29, 2012 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд