Мулоқоти Э.Раҳмон бо Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид Хуан Мендес

Май 18, 2012 12:49

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт.  Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд. Хуан Мендес аз натиҷаҳои кори 10-рӯзаи худ дар Тоҷикистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз ҷумла ба Ҳукумати кишвар барои ба ӯ муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ изҳори сипос кард. «Ба ман имкони боздид аз тамоми муассисаҳо ва мулоқот бо ҳамаи шахсоне, ки мехостам, дода шуд», — изҳор намуд Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид. «Гузашта аз ин роҳбарони сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои моро хуб пазируфтанд», — таъкид дошт ӯ. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Консепсияи рушди дурнамои қонунгузории Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «ҳадафи асосии ин санад таъмини раванди такмили қонунгузорӣ тибқи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардидаанд». Президенти кишвар ҳамчунин таъкид дошт, ки «Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таҳким ва такомули пояҳои истиқлолияти худ қарор дорад ва ҷавҳари сиёсати давлатии онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд». Тавре зикр гардид, Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро эътироф намуда, мафҳумҳои асосии онро ба Конститутсия ва дигар қонунҳои марбути худ ворид намудааст. Чунонки иттилоъ дода шуд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал мекунад, ки фаъолияти босамар дорад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «дар ин раванд камбудиву мушкилот низ ҳанӯз мавҷуданд, вале муҳимтар аз ҳама мо ба таври қотеъ ва огоҳона маҳз ҳамин роҳ, — яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро пеш гирифтаем ва ба ин роҳ содиқ мемонем». Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ дар ин раванд ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 18, 2012 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари гармои шадиди моҳи июл дар Токио беш аз 120 нафар ҳалок гардид
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 9 август дар Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«Интернет барои хона» барои ҳама дастрас шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Бар асари тирпаронӣ дар шарқи Фаронса як нафар ҳалок ва як нафар захмӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: зиёда аз 40 варзишгар дар Бозиҳои олимпӣ ба COVID-19 мубтало шудааст
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро дар шаҳри Норак талафоти неруи барқ зиёд аст?
Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад