Мулоқоти Э.Раҳмон бо Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид Хуан Мендес

Май 18, 2012 12:49

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт.  Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд. Хуан Мендес аз натиҷаҳои кори 10-рӯзаи худ дар Тоҷикистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз ҷумла ба Ҳукумати кишвар барои ба ӯ муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ изҳори сипос кард. «Ба ман имкони боздид аз тамоми муассисаҳо ва мулоқот бо ҳамаи шахсоне, ки мехостам, дода шуд», — изҳор намуд Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид. «Гузашта аз ин роҳбарони сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои моро хуб пазируфтанд», — таъкид дошт ӯ. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Консепсияи рушди дурнамои қонунгузории Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «ҳадафи асосии ин санад таъмини раванди такмили қонунгузорӣ тибқи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардидаанд». Президенти кишвар ҳамчунин таъкид дошт, ки «Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таҳким ва такомули пояҳои истиқлолияти худ қарор дорад ва ҷавҳари сиёсати давлатии онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд». Тавре зикр гардид, Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро эътироф намуда, мафҳумҳои асосии онро ба Конститутсия ва дигар қонунҳои марбути худ ворид намудааст. Чунонки иттилоъ дода шуд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал мекунад, ки фаъолияти босамар дорад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «дар ин раванд камбудиву мушкилот низ ҳанӯз мавҷуданд, вале муҳимтар аз ҳама мо ба таври қотеъ ва огоҳона маҳз ҳамин роҳ, — яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро пеш гирифтаем ва ба ин роҳ содиқ мемонем». Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ дар ин раванд ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 18, 2012 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!