Мулоқоти Гул Шералӣ бо намояндагони ширкатҳои эронӣ

Май 31, 2012 16:58

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар доираи сафари худ ва иштирок дар кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои эронӣ як силсила вохӯриҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла, бо мудирияти ширкатҳои тоноэнержии байналмилалии «Афзорозмо» ва «Фароб», бо мудири кулли ширкати «Monenco Iran» — Алиризо Шеъронӣ ва дигарон мулоқот баргузор шуд. Дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя ба сохтмони НБО-ҳо, ширкат дар бунёди ХИБ-ҳо, сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла сохтмони корхона бо технологияи нави истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва соҳаи нафту газ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Роҳбарону намояндагони ширкатҳои эронӣ ҷиҳати ошноӣ бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва имкони иштирок дар онҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Май 31, 2012 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд