Мулоқоти Гул Шералӣ бо намояндагони ширкатҳои эронӣ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар доираи сафари худ ва иштирок дар кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои эронӣ як силсила вохӯриҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла, бо мудирияти ширкатҳои тоноэнержии байналмилалии «Афзорозмо» ва «Фароб», бо мудири кулли ширкати «Monenco Iran» — Алиризо Шеъронӣ ва дигарон мулоқот баргузор шуд. Дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя ба сохтмони НБО-ҳо, ширкат дар бунёди ХИБ-ҳо, сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла сохтмони корхона бо технологияи нави истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва соҳаи нафту газ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Роҳбарону намояндагони ширкатҳои эронӣ ҷиҳати ошноӣ бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва имкони иштирок дар онҳо изҳори омодагӣ намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






