Мулоқоти М. Убайдуллоев бо П. Зверев
Душанбе,11 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев 11 май Пётр Зверев, котиби масъули Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба ҷаласаи қарибулвуқўи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодииАвруОсиёро, ки 16 майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад, матраҳ намуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви ин ниҳоди мўътабар муосидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болоии парлумони мамлакат ширкат менамояд.16.53.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






