Мулоқоти роҳбарони идораҳои назорати маводи нашъаовар
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 31 май, дар шаҳри Душанбе мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони идораҳои назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон оғоз ёфт.Дар мулоқот ҳайати Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ бо роҳбарии муовини Муншии умумии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, намояндагони Маркази минтақавии иттилоотию ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ иштирок доранд. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров дар ҷараёни мулоқот фаъолияти судманди Тоҷикистонро дар амри ҳамкорӣ барои таъмини амнияти минтақа зикр намуд. Мувофиқи суханони Рустам Назаров, рушди минбаъдаи хамкорӣ ягонагии стратегиро таҳким бахшида, ҳамкории байни кишварҳои минтақаро ривоҷу равнақ медиҳад.Дар анҷоми ҷаласа Созишномаи сеҷониба имзо хоҳад шуд. Хотирнишон месозем, ки машварати якуми сеҷонибаи роҳбарони сохторҳои назорати маводи нашъаовари Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






