Мулоқоти Ш.Саид бо намояндаи Чин
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз, 24 май, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндаи ширкати «Henan Yibofu industry Co., Ltd» — и Чин Фудҷун Гао мулоқот анҷом дод.Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот аз фаъолияти палата ва самтҳои афзалиятноки ба маблағгузорӣ заруратдоштаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақл кард. Ҷонибҳо ҳамчунин муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, имконияти бунёд намудани корхонаҳои муштарак, ҷалби инвиститсияҳо ба саноати маъдан, сохтмон ва хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дастрас намудани техникаю таҷҳизоти мавриди зарурати саноати коркарди маҳсулотро мавриди муҳокима қарор доданд. Масъалаҳои тарбияи кадрҳо барои соҳаҳои дахлдори иқтисодиёт низ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






