Мушкилоти муҳоҷирон роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт

Май 22, 2012 15:29

Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Татяна Бажан, раҳбари Раёсати мусоидат ба ҳамгироии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федерастсияи Русия /ХФМФР/ва Виктор Семенев, раҳбари намояндагии ин Хадамот дар Тоҷикистон, зимни боздиди худ аз намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБҶ СС ва ҲА/ дар Душанбе масоили ҳамкории эҳтимолӣ ҷиҳати ироаи хадамоти иттилоотӣ ва омӯзишӣ ба муҳоҷирони кории тоҷикро баррасӣ карданд.  Эрик Мишел-Селйе, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон ба аҳамият ва авлавияти таълими муҳоҷирони феълӣ ва эҳтимолӣ таъкид намуда гуфт: — оилаҳои муҳоҷирон низ бояд аз пуштибонии равонӣ ва иҷтимоӣ бархурдор бошанд ва ба омўзиш фаро гирифта шаванд. Мишел-Селйе афзуд, ки теъдоди зиёде аз муҳоҷирони корӣ, ки кишварҳои худро тарк мекунанд, доир ба қонунгузориҳои кишвари мизбонашон ва бозори кории он иттилои ночиз доранд. Мушкилоти надонистани забон ва дигар омилҳо муҳоҷиронро осебпазир мегардонад. Дар баъзе мавридҳо шароити зиндагӣ ва кории муҳоҷирон боиси сар задани маризиҳо мегардад ва ҳамчунин муҳоҷиронро бо мушкилоти равонӣ рӯбарӯ мекунад. Барои муҳоҷирон муҳим аст, ки забони русиро биомӯзанд, қонунгузории марбут ба муҳоҷират ва корро азбар намоянд, доир ба фанновариҳои муосир малакаву ҳунар ва дониш дошта бошанд. Инчунин оилаҳои муҳоҷирон бояд фаромӯш нашаванд ва аз нигоҳи равониву иҷтимоӣ ба пуштибонӣ фаро гирифта шаванд. Татяна Бажан, раҳбари раёсати мусоидат ба ҳамгироии ХФМФР бо нақл аз фаъолияти Хадамоти мазкур ба имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ ишора намуд. Виктор Семенев, раҳбари намояндагии ин Хадамот дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар мавриди таҳияи маводи иттилоотӣ барои муҳоҷирон ва ҳамчунин баргузории дарсҳои муштарак доир ба қонунгузориҳо ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шавад.

Май 22, 2012 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад