Мушкилоти вобаста ба муҳоҷират баррасӣ мегардад
Душанбе, 10 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалияи он»- таҳти чунин унвон фардо дар Душанбе бо ҳузури олимону коршиносон ва масъулини сохтору ниҳодҳои марбута сўҳбати мизи мудаввар баргузор мегардад. Чорабинӣ бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ созмон дода шуда, ҳадафаш баррасии мушкилоти вобаста ба ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст. Интизор меравад, ки иштирокдорони чорабинӣ масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷират ва масоили ҳалталаби он, мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷират дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, оқибатҳои иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба оила, баъзе масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират, нақши Созмони Милали Муттаҳид дар танзими муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷиҳатҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ, масоили ҳуқуқии таъминоти суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






