Мусобиқаи велосипедронӣ дар Суғд
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар»,Фирӯза Давлатова)-Бо мақсади тарғиби вилосипедронӣ байни наврасон ва ҷавонон аз 16 то 17 июни соли равон дар вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявии вилосипедронӣ гузаронида мешавад. Дар мусобиқа аз вилояти Суғд 10 варзишгар: мардҳои аз 16 сола боло, наврасони синни аз 11 то 16 –сола ва занҳои аз 16 сола боло ҳатман бо шаҳодатномаи таваллуд ва гувоҳномаи расмдор иштирок мекунанд. Аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ 10 варзишгар: марду занҳои аз 16 сола боло ва наврасон бо шаҳодатномаи таваллуд ва гувоҳномаи расмдор бо тасдиқи сохторҳои маҳаллӣ иштирок хоҳанд кард.Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибонро бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






