Мусодираи 62 кг маводи мухаддир
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ тавонистанд ба як натиҷаи бесобиқаи корӣ- пешгирии қочоқи як миқдори махсусан калони маводи мухаддир ноил гарданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, кормандони назорати гумрукии дидбонгоҳи борҳои гумрукии майдони ҳавоӣ ҳангоми бозрасии молҳои интиқолшаванда аз тариқи хатсайри Душанбе-Алмаато ҷой доштани маводи мухаддирро ошкор намуданд. Ҳангоми аз дастгоҳи рентгенӣ гузаронидани 16 адад ҳайкалчаи ороишии сафолии сутуншакл маълум гардид, ки дар дохили ҳамаи он маводи номаълуме бо ранги сиёҳ ҷой дорад. Вақте ки гумрукчиён маводи шубҳанокро диданд, дарҳол назоратро ҷиддитар намуда, қисмати болоии ҳайкалчаҳоро кушоданд. Маълум гардид, ки дар дохили ин ҳайкалчаҳои сутуншакл хокаи сафеди кристаллии ба маводи мухаддир монанд мавҷуд аст.Баъд аз он, ки ин мавод аз ташхиси махсуси лабораторӣ гузашт, маълум гардид, ки он навъи метамфетомин буда, вазни умумии он 62 кг 895 граммро ташкил медиҳад ва онро дар бештар маврид мубталоёни маризии нашъамандӣ дар бозори сиёҳ харид мекунанд. Гуфта мешавад, ин мол ба як шаҳрванди хориҷӣ, ки ба хотири халал ворид нашудан ба рафти тафтишот аз шарҳи муфассали шахсияташ худдорӣ мекунем, дар якҷоягӣ бо як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини пойтахт мутааллиқ мебошад ва онҳо мехостанд онро ба кишвари Малайзия интиқол диҳанд. Бояд қайд кард ,ки арзиши умумии маводи мухаддири метамфетомин бештар аз 5-уним миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, гумрукчиён тавонистанд дар баробари дигар дастовард ва самараҳои хуби кории худ боз як ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки характери фаромиллиро дошт, пешгирӣ намуда, ҳаёти ҳазорҳо нафар аҳолии курраи заминро аз гирифторӣ ба маризии мушкилдавои нашъамандӣ ҳимоя намоянд. Феълан нисбат ба ин амал парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






