Мусодираи маводи нашъаовар
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 7 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳафтаи гузашта дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ноҳияи мазкур сокини 39 – солаи он, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар гумон бурда шуда буд, дастгир гардид. Тавре манбаъ изҳор дошт, дар ҷараёни тафтишот аз ин шахси гумонбурда 7 килограмму 368 грамм ҳашиш пайдо ва мусодира гардид. Маълум шуд, ки ин маводи нашъаовар ба сокини 29 – солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Гулбек Фақиров тааллуқ доштааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






