Мусодираи маводи нашъаовар
stop-diabetes-meds.com, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҳошияи марҳалаи аввали амалиёти «Кӯкнор – 2012» раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд барои аз гардиши ғайриқонунӣ баровардани миқдори зиёди маводи нашъаовар ду амалиёти махсусро роҳандозӣ намуд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти идораи назорати маводи нашъаовари кишвар кормандони раёсати Агентӣ дар натиҷаи рӯи кор овардани амалиёти фаврӣ дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳудуди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд қариб 15 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Қочоқгарони дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати Агентӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тафтишот аз рӯи ин қазия идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






