Нақби «Озодӣ» ҳоҷат ба ислоҳро дорад
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Нақби «Шар-шар», ки баъди соли 2009 мавриди истифода қарор гирифтанаш номи «Озодӣ» — ро ба худ гирифт, ҳоло ҳоҷат ба ислоҳро дорад. Тавре аз Сарраёсати хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар баъзе қитъаҳои роҳи мошингарди ин нақб тарқишҳо ба амал омада, бар асари он қабати роҳ паст гардида, ҳаракати нақлиёти автомобилӣ душвор шудааст. Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин, ки пудратчии асосии лоиҳа мебошад, розӣ шуд, ки нуқсонҳои рухдодаро аз ҳисоби маблағҳои худ ислоҳ кунад. Ҳоло нақшаи чорабиниҳо тартиб ёфтааст, ки мувофиқи он қитъаҳои зарардидаи роҳи мошингард ба тартиб дароварда мешаванд.Хотирнишон месозем, ки сохтмони нақби «Озодӣ» соли 2006 оғоз ёфта ва он соли 2009 ба истифода дода шуда буд. Масофаи умумии ин нақб беш аз 2 километрро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






