Нахустконсерти ансамби фолклории «Помир»

Май 14, 2012 16:58

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). Бо ибтикори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2012, соати 14:00 дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат нахустконсерти ансамбли фолклории «Помир» бо иштироки ҳунармандони шинохта Соҳиба Давлатшоева, Ҳақназар Аловатов, Шоиқ Қизилов ва гурӯҳи рақсӣ баргузор мегардад. Ҳадафи барнома рушду нумӯи санъати миллӣ ва эҳёи беҳтарин падидаҳои ҳунарҳои мардумӣ буда, он ҳамчунин дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 15- солагии Ваҳдати миллӣ ва 20- умин солгарди Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.  Дар консерт ширкат ва табрикоти ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Файзалӣ Ҳасанов, Майсара Дилдорова ва Далер Назаров дар назар аст.

Май 14, 2012 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад