Нахустконсерти ансамби фолклории «Помир»
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). Бо ибтикори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2012, соати 14:00 дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат нахустконсерти ансамбли фолклории «Помир» бо иштироки ҳунармандони шинохта Соҳиба Давлатшоева, Ҳақназар Аловатов, Шоиқ Қизилов ва гурӯҳи рақсӣ баргузор мегардад. Ҳадафи барнома рушду нумӯи санъати миллӣ ва эҳёи беҳтарин падидаҳои ҳунарҳои мардумӣ буда, он ҳамчунин дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 15- солагии Ваҳдати миллӣ ва 20- умин солгарди Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад. Дар консерт ширкат ва табрикоти ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Файзалӣ Ҳасанов, Майсара Дилдорова ва Далер Назаров дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






