Нахустсанҷиш барои бозиҳои ҷавонони Осиё
Душанбе, 18 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии ҷавонони Осиё (U-22), ки моҳи июн дар Малайзия бо ширкати дастаҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Малдив дар гурӯҳи “С” мегузаранд, дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар шаҳри Қӯрғонтеппа бозии санҷишии худро бо дастаи мунтахаби вилояти Хатлон , ки аз футболбозони дастаҳои “Вахш”, “Равшан” ва “Ҳосилот” таркиб ёфта буд, бо натиҷаи 1 бар 1 мусовӣ ҷамъбаст кард. Аввал Ҷӯрахон Азизов (Хатлон) дар дақиқаи 55 ва баъдан Ҷаҳонгир Шодиев( ҷавонон) дар дақиқаи 75-ум гол заданд. Сармураббии даста Салоҳиддин Ғафуров ҳамаи бозингаронеро, ки ба урдугоҳ даъват шудаанд, дар ҷарёни вохӯрӣ аз санҷиш гузаронд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






