Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 7 то 9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ — ярмаркаи 6 – уми байналмилалии саноати сабук — «ИнтерЛегПром — 2012» баргузор мегардад. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоишгоҳро ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгири Ҳукумати ҶТ ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон доир менамояд.Дар намоишгоҳ матои гуногун, қолинҳо, рӯмолҳои шол, рахти хоб, парда ва маҳсулоти гуногун, ҳамчунин технология ва таҷҳизоти мавриди зарурати корҳонаҳои саноати нассоҷӣ ва сабук ба маърази намоиш гузошта мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






