Намояндагони Тоҷикистон ба Ереван мераванд
Душанбе, 2 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо ҳайати нозирони тоҷик ҷиҳати мушоҳидаи ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ ба пойтахти Арманистон шаҳри Ереван мераванд. Ба ҳайат аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидов ва мутахассиси пешбари Комиссияи мазкур Ҷўрахон Қурбонов шомиланд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нозирони тоҷик дар ҳайати нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ , ки онро Владимир Гаркун, муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ роҳбарӣ менамояд, ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро мушоҳида менамоянд. Интихоботи вакилон ба Маҷлиси миллии Арманистон 6 май баргузор гардида, дар он 8 ҳизби сиёсӣ- Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, «Арманистони шукуфон», «Оринац еркир», «Мерос», Ҳизби коммунисти Арманистон, Ҳизби демократии Арманистон, «Иттиҳоди арманиҳо» рақобат менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






