Нашъамандӣ — падидаи номатлуби ҷомеа
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Дар маҷлисгоҳи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи мубрами рӯз- «Вазъи нашъамандӣ ва сироятёбии ВНМО/БПНМ» бо донишҷӯён ва омӯзгорони Консерватория баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат ба ҳозирин дар бораи пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, оқибатҳои ҳалокатбори сӯйистифода аз маводи мухаддир, моддаҳои нашъадори синтетикӣ, аз қабили экстазӣ, ЛСД, инчунин ВНМО/БПМН ва роҳҳои сирояти онҳо маълумоти муфид дода шуд. Мутахассисон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расида, тартибу одоби ҳамидаи инсониро риоя намоянд.Дар фарҷом миёни мутахассиони Агентӣ ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






