Нашъамандӣ — падидаи номатлуби ҷомеа

Май 21, 2012 15:06

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Дар маҷлисгоҳи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи мубрами рӯз- «Вазъи нашъамандӣ ва сироятёбии ВНМО/БПНМ» бо донишҷӯён ва омӯзгорони Консерватория баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат ба ҳозирин дар бораи пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, оқибатҳои ҳалокатбори сӯйистифода аз маводи мухаддир, моддаҳои нашъадори синтетикӣ, аз қабили экстазӣ, ЛСД, инчунин ВНМО/БПМН ва роҳҳои сирояти онҳо маълумоти муфид дода шуд. Мутахассисон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расида, тартибу одоби ҳамидаи инсониро риоя намоянд.Дар фарҷом миёни мутахассиони Агентӣ ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Май 21, 2012 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад