Нашри «Таърихи Бухоро» дар «Пайванд»

Май 10, 2012 14:39

Душанбе, 10 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Китоби Абўбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899—959) — «Таърихи Бухоро»-ро нашриёти «Пайванд»-и Душанбе аз чоп баровард.   «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ яке аз сарчашмаҳои арзишмандтарин барои омўхтани таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии асримиёнагии мардуми тоҷик буда, дар он маълумоти муҳими эътиқодоти қаблазисломии аҷдоди тоҷикон дар Мовароуннаҳр, хусусан дар Бухоро гирд оварда шудааст. Ҳамзамон дар китоб ахбори ҷолиби таърихӣ дар бораи шўришҳо ва ҷангҳои мардумони маҳаллӣ бо лашкариёни араб, ки аз маълумоти аввалини таърихӣ маҳсуб мешаванд, гирдоварӣ шудаанд. Таърихи хонадони сулолаи Сомониён низ аз аввалин манбаъҳои боъэтимоди таърихӣ маҳсуб мешавад. Китоб аз сўи донишмандони шинохтаи тоҷик Ғолиб Ғоибов, Кароматулло Олимов ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ мураттаб гардида, онро Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Душанбе интишор намудааст. Бояд тазаккур дод, ки китоби Абўбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ «Таърихи Бухоро» аз намунаҳои беҳтарини насри порсии қарни дувоздаҳум ба шумор меравад, ки тарҷумаи мухтасар аз асли арабии он дониста шудааст. Китоб барои дўстдорони таърихи миллати тоҷик, умуман барои устодону донишҷўёни мактабҳои олии Тоҷикистон тавсия мешавад.

Май 10, 2012 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад