Нашри «Таърихи Бухоро» дар «Пайванд»
Душанбе, 10 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Китоби Абўбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899—959) — «Таърихи Бухоро»-ро нашриёти «Пайванд»-и Душанбе аз чоп баровард. «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ яке аз сарчашмаҳои арзишмандтарин барои омўхтани таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии асримиёнагии мардуми тоҷик буда, дар он маълумоти муҳими эътиқодоти қаблазисломии аҷдоди тоҷикон дар Мовароуннаҳр, хусусан дар Бухоро гирд оварда шудааст. Ҳамзамон дар китоб ахбори ҷолиби таърихӣ дар бораи шўришҳо ва ҷангҳои мардумони маҳаллӣ бо лашкариёни араб, ки аз маълумоти аввалини таърихӣ маҳсуб мешаванд, гирдоварӣ шудаанд. Таърихи хонадони сулолаи Сомониён низ аз аввалин манбаъҳои боъэтимоди таърихӣ маҳсуб мешавад. Китоб аз сўи донишмандони шинохтаи тоҷик Ғолиб Ғоибов, Кароматулло Олимов ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ мураттаб гардида, онро Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Душанбе интишор намудааст. Бояд тазаккур дод, ки китоби Абўбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ «Таърихи Бухоро» аз намунаҳои беҳтарини насри порсии қарни дувоздаҳум ба шумор меравад, ки тарҷумаи мухтасар аз асли арабии он дониста шудааст. Китоб барои дўстдорони таърихи миллати тоҷик, умуман барои устодону донишҷўёни мактабҳои олии Тоҷикистон тавсия мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






