Назорати прокурорӣ пурзўр мешавад

Май 21, 2012 15:52

Душанбе, 21 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳолати роҳҳои автомобилгарди пойтахт дар ҷаласаи шаҳрдорӣ 21 май дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки сохторҳои марбутаи пойтахт баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе.Раиси шаҳр бо назардошти супоришҳои ҷаласаи қаблӣ ҷиҳати беҳсозии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи хатсайру меъёрҳои техникӣ дар воситаҳои хизматрасон ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе /РКД/ ва шўъбаи Бозрасии давлатии автомобилии /БДА/ РКД-и пойтахт ироагардида аз рафти корҳои ислоҳӣ натиҷагирӣ намуда, бо нигаронӣ аз ҳолати ҷойдошта ба масъулин мўҳлати ниҳоӣ муқаррар кард.Дар ин зимн раиси шаҳр кори комиссияҳои ҷамъиятиро, ки дар асоси қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи мустақил созмон ёфтаанд, дар пешбурди назорати ҷамъиятӣ аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, аз прокуратураи шаҳр даъват ба амал овард, ки дар радифи фаъолияти субъектҳои хизматрасони нақлиётӣ кори ин комиссияҳо низ мавриди санҷиш қарор диҳад. Ҳамчунин дар ҷаласа бо муқаррар намудани охирин ҷазо ба муовини раиси шаҳр Абдулҳақ Оев ва директори КВДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Бобоев, раиси шаҳр ба масъулини БДА дастур дод, ки тибқи қарори марбута фаъолияти терминалҳои беруназшаҳриро барои пешгирии худсарона ворид шудани нақлиёти байнишаҳрӣ ба ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор диҳад.Бо дахли масоили таъмири роҳҳои пойтахт ва сифати корҳои таъмирӣ аз тўлкашии корҳо аз сўи бархе пудратчиён раиси шаҳр изҳори нигаронӣ намуд. Мавсуф ба масъулини соҳа супориш дод, ки корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар мўҳлати кўтоҳ ба анҷом расонанд. Дар робита ба ин М. Убайдулоев аз прокуратураи шаҳр хоҳиш кард, ки назорати прокурориро вобаста ба сифати корҳои таъмиру навсозии роҳҳо пурзўр намуда, комиссияи марбутаи депутатӣ дар ин самт корҳои таъмирӣ ва навсозии роҳҳои дар 10 сол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиён аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ анҷомгирифтаро аз нигоҳи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ, сифат ва мўҳлати истифода санҷида, ба унвони раиси шаҳр маълумот пешниҳод намоянд.

Май 21, 2012 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!