Нигаронӣ аз нархи маҳсулот дар Хатлон
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳаҷми маблағи сабади истеъмолӣ ва маоши миёна дар вилоят ба 338 сомонӣ, ки ба 76 доллари амрикоӣ баробар аст, расида, дар давоми моҳҳои январ-апрел сабади истеъмолӣ боз чанд сомонӣ зиёд шуда ба 370- 374 сомонӣ баробар шуд, иттилоъ дод директори Агентии омори вилояти Хатлон Юсуф Сафаров,. Дар баробари зиёд шудани сабади истеъмолӣ ва афзоиши маоши кормандон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 7 фоиз боло рафтааст, ки мушкилоти камбизоатонро дар кори ба даст овардани маводи ғизоӣ сангинтар намудааст.Агар қисме аз сокинони маҳаллӣ инро дар содир намудани меваю сабзавот ба хориҷи кишвар ва таъмин набудани бозори дохилӣ донанд, қисми дигар онро аз беқурбшавии асъори миллӣ ва боло рафтани қурби доллар дар бозори сиёҳ арзёбӣ мекунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






