«Нигоҳи нав» дарҳои худро боз мекунад
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Аз 16 то 21 маи соли 2012 бо ибтикори гурӯҳи донишҷӯён ва кӯмаки молиявии Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар толори Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон — «Нигоҳи нав» баргузор мегузарад. Дар ҷашнвора гурӯҳҳои ҳунарӣ аз шаҳрҳои Чкалов, Конибодом, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Душанбе ширкат меварзанд. Ба озмун намоишномаҳои «Модари аз тоқати таҳқир хаста» (Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи ш. Конибодом), «Бойи золим ва хурӯси доно» (Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови ш. Қӯрғонтеппа), «Аёз ва ҳуҷраи махфӣ» (Театри ҷавонони «Умедворӣ» ш. Хоруғ), «Хушбахтӣ» (Театри драмавии ба номи Александр Пушкини ш. Чкалов), «Қотилони насли одам» (Театри сайёри бачагонаи «Рангинкамон»-и назди ТДҶ ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ш. Душанбе), «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо» (Театри ҳаваскори духтаронаи ш. Душанбе), «Ҷарроҳ» (Гурӯҳи эҷодкорони Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов) ва «Хирс» (Гурӯҳи ҷавонони эҷодкори ш. Душанбе) пешниҳод шудаанд Барои намоиши беҳтарин Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон — «Нигоҳи нав» тақдим мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






