Ноболиғ- қурбони Мерседес-Бенс
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш О 36-31 02/РТ таҳти идораи Бобоев Абдулҳалил Абдумаҷидовичи 38 сола, сокини кӯчаи Мири ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Қумсангир ба тарафи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ҳудуди деҳаи Ӯзбекободи ҷамоати деҳоти Калинин қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Парвизҷони Наҷибуллои 4 сола, сокини деҳаи Ӯзбекободро пахш намудааст.Тавре ки дар сомонаи интернетии mvd.tj иттилоъ дода шудааст, ноболиғ дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






