Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад
Хоруғ, 14 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Сокини қарияи Дерзуди ноҳияи Рӯшон Ҷамшед Мавлододов 11 гектар замини сангистону регзорро бо заҳмати хеш обод намуда, дар он асосан ба сабзавоткорӣ машғул аст ва ҳар сол аз ин замин ҳосили баланди картошка, пиёз, қаламфур, помидору бодиринг мерӯёнад. Имрӯзҳо кишти тирамоҳии қаламфур ва пиёз дар нашъунамо буда, он рӯзҳои наздик ба фурӯш бароварда мешавад. Деҳқони асил дар паҳлӯи заминаш ҳавзи моҳипарварӣ низ бунёд карда, аз вилояти Хатлон 9 ҳазор сар моҳича овард. Инак ӯ ҳам аз замин рӯзиашро пайдо мекунаду ҳам аз ҳавзи моҳипарварӣ. Ин марди меҳнатӣ ба хотири беҳбудии рӯзгораш чун дигарон роҳи Русияро пеш нагирифт, балки дар деҳаи сангистонаш ҳам барои худаш ҷои кор ёфту ҳам барои аҳли оилааш. Ва на танҳо ҷои кор пайдо намуд, балки рӯзгорашро низ обод гардонид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






