Номаҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои узви ИДМ
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 67 – умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номаҳои табрикӣ ирсол намуд. Дар навбати худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, собиқадорони ҷанг ва мардуми Тоҷикистонро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Украина Виктор Янукович, Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов бо ҷашни Ғалаба табрик намуданд.Ирсоли номаҳои табрикӣ ба унвони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






