Оғози амалиёти мақсадноки «Бачаҳо»
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 25 –уми май то 10 июни соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ амалиёти мақсадноки «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории ин амалиёт пешгирии фалокатҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон мебошад. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аввали соли ҷорӣ дар тамоми мактабҳои пойтахт бо бачагон вохӯрӣ доир намуда, қоидаҳои асосии бехатарӣ ҳангоми гузаштан аз чорроҳа ва риояи қоидаи ҳаракат дар роҳҳои мошингардро ба хонандагон фаҳмониданд. Аз аввали сол то имрӯз 403 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба амал омадааст, ки дар он 122 нафар ҳалок гардида, 436 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз ин миқдор 115 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ бо иштироки бачаҳо ва наврасон ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 17 нафар ба ҳалокат расида, 101 нафар ҷароҳати гуногун гирифтаанд. Дар ин бора Нозирҷон Муродов, бозраси калони шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






