Оғози истеҳсоли банкаҳо дар аввалин корхонаи шиша
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар корхонаи шаҳри Қайроққум қолибҳои банкаҳои 1 ва 2 литра дастрас ва пурра насб гардида, 10 майи соли ҷорӣ истеҳсоли банка дар он оғоз ёфт. Иқтидори истеҳсолии хатти технологӣ 20 ҳазор дона банка дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Дар корхона дар айни замон 10 ҳазор донагӣ банкаҳои 1 ва 2 литра истеҳсол мешавад. Дар коргоҳҳои корхона боз 50 ҷойи нави корӣ бунёд ёфтааст.Бо мусоидати бевоситаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум моҳи марти соли 2011 аввалин корхонаи шиша ба фаъолият оғоз намуд, ки он намуди нави масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии корхона 1,3 миллион метри мураббаъ шишаи сохтмониро ташкил дода, дар он 150 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Корхона дар соли 2011 225,6 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ истеҳсол намудааст. Хатти технологии истеҳсоли зарфи шишагӣ насб гардида, моҳи апрели соли 2012-ум 200 ҳазор дона зарфҳои шишагӣ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






