Оқил Оқилов озими пойтахти Туркманистон мешавад
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озими пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод мешавад. Тавре ки аз котиботи Сарвазири ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки 30 –юми майи соли равон баргузор мегардад, баррасии якчанд лоиҳаву ҳуҷҷатҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориву ҳамгиройии кишварҳои узви иттиҳод дар назар аст. Аз рӯи иттилоъи манбаъ баррасиву таҳлили лоиҳаҳои қарор «Дар бораи Консепсияи озодкунии бозорҳои хизматгузории молиявии кишварҳои узви ИДМ» аз масоили муҳими ҷаласа маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки дар ин сафар Сарвазири ҷумҳуриро намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






